МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
–Он хона, ки ман дидаам, Худо туро ба он ҷо бирасонад!
Гадо намедонист, ки дуо бояд бо ҳоҷати бахшанда ҷўр бошад. Ту бояд барои диҳанда чизеро аз Худо бихоҳӣ, ки худи диҳанда мехоҳад ва бад-он ниёз дорад.
Чун гуфтугў дар бораи пиразан пеш омад, бояд гуфт, ки чун зан пир шуд, сармояи забони ў ва нишотбахшию шодиафзоии худро аз даст медиҳад. На чизе барои додан дорад ва на зебоӣ дорад, ки пешниҳод кунад ва наметавонад аз зебоие баҳра барад.
Гадое ба дари хонае омаду аз соҳиби хона нонпорае талабид.
Гуфт соҳибхона: «Нон ин ҷо куҷост?
Хираӣ, кай ин дукони нонбост?»
Гуфт: «Боре, андаке пиҳам биёб»,
Гуфт: «Охир, нест дукони қасоб».
Гуфт: «Порай орд деҳ, эй кадхудо!»
Гуфт: «Пиндорӣ, ки ҳаст ин осиё?»
Гадо гуфт:
–Ҳоло, ки нон, чарбу ва орд надорӣ, каме обам бидеҳ.
Соҳибхона гуфт:
–Магар ин ҷўй ё обанбор аст?
Соҳибхона ҷавоби инкор дод. Гадо доманашро боло кашид ва шалварашро поин кард. Соҳибхона гуфт:
–Чӣ кор карданӣ ҳастӣ?
Гадо гуфт:
–Дар хонае, ки на об пайдо мешавад на нон, бигузор худро сабук кунам.
Чун дар ин ҷо нест ваҷҳи зистан,
Дар чунин хона бибояд ристан.
Ту на бозӣ, ки шикор кунӣ ва на товус, ки парҳои
рангин дошта бошӣ, на тўтии ширинсухане, ки ба ту қанд бидиҳанд ва на булбуле, ки дар гулистон бо овози хуш ҷилва кунӣ ва на ҳудҳуде, ки хабари хуш биёварӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо