Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ПИРАЗАНИ НАВАДСОЛА

Буд кампире навадсола калон,
Пурташаннуҷ рўю рангаш заъфарон.

Пиразани навадсолаи фарбеҳу рўяш аз ожанг пуршуда, дандонҳо рехта, мўяш сафеду қадаш чангзада ва қувваи фикрии ў аз кор афтода. Аммо ҳирсу шаҳвати ў ҳеҷ коста нашуда буд.

Ишқи шўю шаҳвату ҳирсаш тамом,
Ишқи сайду пора-пора гашта дом.

Шаҳвату ҳирси беҳангоми ў монанди доми порапорае буд, ки шикорро намепартофт, аз пирӣ аз по афтода буд ва ҳаваси аспсаворӣ дар дил дошт. Саги пири дандонрехтаро мемонд, ки почаи касе наметавонист бигирад ва ба газидани саргин ҳаваси худро мешикаст.

Рехт дандонҳои саг, чун пир шуд,
Тарки мардум карду саргингир шуд.
Ин сагони шастсоларо нигар,
Ҳар даме дандони сагшон тезтар.

Умр, ки ба пирӣ мерасад, одам аз по меафтад ва худаш беҳтар медонад, ки вуҷудаш дигар ба ҳеҷ кор қодир нест, вале касе бо ў вохўраду дуояш кунад, ки «умрат дароз бод», хушаш меояд ва хандон мешавад ва намефаҳмад, ки барои пири оҷизи азкормонда умри дароз дуои хайр нест, нафрин аст.
Гадое ба молдори гелонӣ вохўрд ва аз ў нон талабид. Марди молдор нонаш дод. Гадо гуфт:
–Худоё, ўро ба хонаводааш бирасон!
Мард гуфт:

пешина
аз 298
навбатӣ