Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оқибат Абўбакр дусад дирҳам нуқра ҳам илова бар ў дод ва Билолро харид. Чун муомила поён ёфт, яҳудӣ аз шодӣ ба ханда афтод. Абўбакр сабаби шодии ўро пурсид. Яҳудӣ гуфт:
–Агар шавқи ту ба хариди ин ғулом намебуд, ман ўро ба даҳяки ин баҳо медодам, зеро ў пеши ман ба ним дирҳам ҳам намеарзад. Аммо иштиёқи ту баҳои ўро боло бурд. Абўбакр гуфт:
–Ту бояд ба ҳоли худат бихандӣ, чунки намедонӣ, ки баҳои ин мард назди ман ба ҷаҳоне меарзад. Ту онро бо чормағзе аз даст додаӣ! Агар ба фурўши ў тан намедодӣ, ман ҳамаи сарвату дороии худро ба ивази ў медодам.

Саҳл додӣ, з-он ки арзон ёфтӣ,
Дур надидӣ, ҳуққаро нашкофтӣ!

Ту дар муомила фиреб хўрдаӣ. Бояд бар ҳоли худ бихандӣ, ки баҳои он гавҳарро надонистӣ ва онро осону арзон аз даст додӣ!
Он гоҳ дасти Билолро гирифт ва ўро пеши Паёмбар бурд. Чун чашми Билол ба ў афтод, саҷда кард ва аз шодӣ бехуд шуд.
То ба дере бехуду беҳуш монд,
Чун ба ҳуш омад, зи шодӣ ашк ронд.
Мустафояш дар канори худ кашид,
Кас чӣ донад бахшише, к-ўро расид.
Он гоҳ ҳазрати Муҳаммад (с) ба Абўбакр фармуд:
– Магар нагуфта будам, ки маро дар хариди Билол шарик кун?
Сиддиқ гуфт:
–Мо ҳарду бандаи туем ва фармони ту бар мо равон аст. Ман озод будам ва бо дидор ба ту дил бастаму бандагии туро ба ҷону дил харидам. Ҳар чӣ ман дорам, аз туст.

пешина
аз 298
навбатӣ