МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Муҳаммад (с) аз шунидани саргузашти Билол ва неруи имони ў шодмон шуда, аз Абўбакри Сиддиқ пурсид, ки барои халосии ў чӣ бояд кард?
Абўбакр гуфт:
–Агар иҷозат бидиҳӣ, ўро аз соҳибаш бихарам ва озод кунам.
Расули акрам (с) гуфт:
– Фикри хубест, аммо дар ин кор маро ҳам шарики худ кун ва ними баҳои ўро аз ман бигир. Абўбакри Сиддиқ пазируфт ва ба хонаи марди яҳудӣ рафт, то Билолро аз ў бихарад ва аз шиканҷа бираҳонад. Пайғамбар гуфт:
– Марди яҳудӣ намедонад, ки қадру арзиши ин ғулом назди Худованд аз ҳазорон гавҳар бештар аст.
Абўбакр марди яҳудиро сарзаниш кард, ки ин ғуломи бечораро чаро озор медиҳӣ?
Гуфт:
–Ў ба дини ман бовар надорад. Агар дили ту ба ў месўзад, онро аз ман бихар:
Гуфт: Раҳмат гар ҳамеояд бар ў,
Зар бидеҳ, бистонаш, эй икромхў.
Абўбакр гуфт:
–Ман ғуломи хушгили сафедрўе дорам, ки ў ҳам монанди ту яҳудӣ аст. Ўро ба ту медиҳам ва ба ҷояш Билолро ба ман бидеҳ!
Баъд кас фиристода, ғуломро оварданд. Марди яҳудӣ аз дидани ў дар шигифт шуд.
Абўбакр гуфт:
Тан сапеду дил сиёҳ асташ, бигир,
Дар иваз деҳ тансиёҳи дилмунир!
Бо вуҷуди ин, яҳудӣ ба муомила тан надод, чунки
иштиёқи Абўбакри Сиддиқро ба харидани Билол (р) дарёфта буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо