МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Лат хўрдану нолидани ў боз рўзи дигар ба гўши Абўбакр расид:
Боз пандаш дод, боз ў тавба кард,
Ишқ омад, тавбаи ўро бих(в)ард.
Тавба кардан з-ин намат бисёр шуд,
Оқибат аз тавба ў безор шуд.
Фош кард, испурд танро дар бало,
К-эй Муҳаммад, эй адувви тавбаҳо!
Эй тани ман в-эй раги ман пур зи ту,
Тавбаро ғунҷо куҷо бошад дар ў?
Тавбаро з-ин пас зи дил берун кунам,
Аз ҳаёти хулд тавба чун кунам?
Ишқ қаҳҳор асту ман мақҳури ишқ,
Чун шакар ширин шудам аз шўри ишқ.
Барги коҳам пеши ту, эй тундбод!
Ман чӣ донам, ки куҷо хоҳам фитод?
Чанд муддат ҳар рўз Абўбакри Сиддиқ ўро панд медод ва тавба мекунониду боз тавбаро мешикаст, то вақте ки аз худ бехуд шуд ва дар зери шиканҷаи марди яҳудӣ боз «Худо! Худо!» мегуфт, имонашро бар Пайғамбари акрам (с) ошкор месохт, аз чўб хўрдану захм дидан аз роҳи худ барнамегашт.
Абўбакри Сиддиқ чун донист, ки Билол тан ба тавба намедиҳад ва аз имону эътиқоди худ боз намегардад, достони ўро ба Паёмбари акрам (с) дар миён ниҳод ва гуфт:
–Марди яҳудӣ ўро озори фаровон медиҳад. Яҳудӣ чун ҷуғз аст ва ҷони Билол чун боз, тан ба қазо намедиҳад ва зери бори пешниҳоди яҳудӣ таслим намешавад. Аммо ў ба панди касе гўш намедиҳад. Саргаштаю шефтаи Худои якто ва ошиқу дилдодаи Пайғамбари Ўст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо