МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Моя дар бозори ин дунё зар аст,
Моя он ҷо ишқу ду чашми тар аст.
Ҳар кӣ ў бемояи бозор рафт,
Умр рафту бозгашт ў хомтафт.
«Ҳай, куҷо будӣ бародар?» «Ҳеч ҷо!»
«Ҳай, чӣ пухтӣ баҳри хўрдан?» «Ҳеҷбо!»
Муштарӣ шав, то биҷунбад дасти ман,
Лаъл зояд маъдани обасти ман.
Муштарӣ гарчӣ, ки сусту борид аст,
Даъвати дин кун, ки даъват ворид аст.
Боз паррон кун, ҳимоми рўҳ гир,
Дар раҳи даъват тариқи Нўҳ гир!
Хидмате мекун барои Кирдгор,
Бо қабулу радди халқонат чӣ кор?
ДОСТОНИ
БИЛОЛИ ҲАБАШӢ ВА АБЎБАКРИ СИДДИҚ
Тан фидои хор мекард он Билол,
Хоҷааш мезад барои гўшмол.
Билоли ҳабашӣ бандаю ғуломи як яҳудӣ буд. Ў ба дини ислом гаравида буд, аммо чун ғулом буд, эътиқоди худро наметавонист озодона бигўяд. Хоҷааш, ки ба сирри ў пай бурда буд, танашро бо чўби хордор зери офтоби сўзон мезаду лахт-лахт мекард, ки чаро дини хоҷаашро рад кардаю дини Муҳаммадро қабул кардааст.
Рўзе Абўбакри Сиддиқ он сў гузашт ва нолаю фарёди Билолро шунид. Аз овози ягонапарастии ў бўйи ошно ёфт. Назди вай рафт ва пинҳонӣ аз хоҷа насиҳаташ кард, ки сирри худ ва исломи худро нигоҳ дорад. Пандаш дод ва ў розӣ шуд, ки аз эътиқоду бовари худ ба касе чизе намегўяд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо