Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Инро медонам. Аз он рўз то кунун вақти зиёде гузаштааст. Замони Язид куҷою ҳоло куҷо? Чӣ тавр шумо ин қадар дер аз ин саргузашт огоҳ шудаед? Ҳар кару кўре ин достони дарднокро шунидааст.

Гуфт: «Оре, лек ку даври Язид?
Кай будаст ин ғам? Чӣ дер ин ҷо расид?
Чашми кўрон он хисоратро бидид,
Гўши каррон он ҳикоятро шунид.
Хуфта будастед то акнун шумо
Ки кунун ҷома даридет аз азо?
Пас азо бар худ кунед, эй хуфтагон?
З-он ки бад маргест ин хоби гарон».

Онҳо, ки кушта шуданд, аз зиндони тан раҳоӣ ёфтанд ва ба биҳишти Худо рафтанд. Барои онҳо шодӣ бояд кард, на нолаву фарёду на ҷомадарониву синакўбӣ!

Рўҳи султонӣ зи зиндоне биҷаст,
Ҷома бидронему чун хоем даст?
Чунки эшон хусрави дин будаанд,
Вақти шодӣ шуд чу бишкастанд банд.
Сўйи шодурвони давлат тохтанд,
Кундаву занҷирро андохтанд.
Рўзи мулк асту гашу шоҳаншаҳӣ,
Гар ту як зарра аз эшон огаҳӣ.
В-ар найӣ огаҳ, бирав бар худ гирӣ,
З-он ки дар инкори нақлу маҳшарӣ.

Шумо ба ростӣ аз ҳақиқат хабар доред ё не? Агар
хабар доред, биравед, шодӣ кунед ва агар хабар надоред, бар ҳолу ғафлати худатон гиряву зорӣ кунед,
ҷомаҳо бидаред. Бар ҳоли худатон гиря кунед, ки ҷаҳони дигарро намешиносед, барои шахси бо ҳамаи ҷон харидори он ҷаҳоншуда шодӣ кунед!

пешина
аз 298
навбатӣ