МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Гуфтаме бурҳони ин даъво мубин,
Гар будӣ идрок андархурди ин.
Дар ҳама олам агар марду зананд,
Дам ба дам дар назъу андар мурдананд.
ДОСТОНИ
ШОИРИ ҶАҲОНГАРД ВА МАРДУМИ ҲАЛАБ
Рўзи даҳуми моҳи Муҳаррам, ки рўзи Ошуро аст, мардуми шиъамазҳаб барои ёдоварии ходисаи Карбало ва кушта шудани Имом Ҳусайну ёронаш ҷамъ мешаванду гиряю зорӣ мекунанд. Дар Ҳалаб низ монанди шаҳрҳои шиъанишин ҳамин расм барпост. Дар чунин рўз шоири ғарибе ба Ҳалаб расид ва аз дарвозаи Антокия ба шаҳр даромад. Гурўҳи бисёреро дид, ки синазанону навҳахонон ва ашкрезон азодорӣ мекунанд.
Як ғарибе шоире аз раҳ расид
Рўзи Ошурову он афғон шунид.
Шаҳрро бигзашту в-он сў рой кард,
Қасди ҷустуҷўйи он ҳайҳой кард.
Ҳар кас мерасид, мепурсид, ки чӣ хабар аст? Барои чӣ ҳама гирёну нолонанд? Магар бузурге дар ин шаҳр мурдааст? Агар чунин аст, маро огоҳ кунед, то барои ў марсияе бинависам ва бисароям.
Мардум гуфтанд:
– Эй мард, ту магар кофир ва душмани хонадони Паёмбарӣ? Магар намедонӣ, ки рўзи Ошуро душманони дини ислом фарзанду набераҳои Пайғамбарро кушта ва хуни онҳоро ба ноҳақ рехтаанд? Акнун солҳост, ки мардум дар ин рўз гирд меоянду азодорӣ мекунанд.
Шоир гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо