МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Сардори турк аз «надонам, надонам» гуфтани мутриб сахт барошуфт ва шамшери худро берун кашид, ки бар сари ў бизанад. Фармондеҳе, ки он ҷо буд, дасташро гирифт ва гуфт:
–Эй амир, дар ин ҳангом мутрибкушӣ кори дуруст нест.
Сардор гуфт:
– Охир аз ин оҳанги «надонам, надонам» дилам гирифт:
Гуфт: «Ин такрори беҳадду мараш
Кўфт табъамро, бикўбам ман сараш.
Қалтабоно, менадонӣ, гуҳ мах(в)ар,
В-ар ҳамедонӣ, бизан, мақсуд бар.
Он бигў, эй гиҷ, ки медонияш,
«Менадонам, менадонам» дармакаш.
Ман бипурсам, к-аз куҷоӣ, ҳай мурӣ?
Ту бигўйӣ на зи Балху на-з Ҳарӣ.
На зи Бағдоду на Мавсил, на Тароз,
Даркашӣ дар «нею не» роҳи дароз.
Суханро ба дарозо макаш. Аз он чи медонӣ бигў, на аз он чи намедонӣ!
Ин суханхойии дароз аз баҳри чист?
Гуфт мутриб: «З-он ки мақсудам хафист.
Мерамад исбот пеш аз нафйи ту,
Нафй кардам, то барӣ з-исбот бў.
Дар наво орам ба нафй ин созро,
Чун бимирӣ, марг гўяд розро».
Мутриб гуфт:
–Ман аз роҳи инкор мехоҳам амирро исбот намоям.
Магар нашунидаӣ, ки Паёмбари акрам (с) гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо