МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
– Дуруст аст, ки ў маро намебинад, аммо ман ўро мебинам ва аз рашки ту ҳам огоҳам.
Гуфт Пайғамбар барои имтиҳон, «Ў намебинад туро, кам шав ниҳон».
Кард ишорат Оиша бо дастҳо:
Ў набинад, ман ҳамебинам варо».
Он ки зебост, худро аз тиррасӣ дур нигоҳ медорад, аммо он ки зишту пир аст, ҳоҷате ба пинҳон шудан надорад:
Рашк аз он афзунтар аст андар танам,
К-аз худаш хоҳам, ки ҳам пинҳон кунам.
З-оташи рашки гарон оҳанги ман,
Бо ду чашму гўши худ дар ҷанг ман.
Барои амиру сардори турк ҳамон нимашаб мутриберо оварданд ва ў сурудан оғоз кард.
Мутриб оғозид пеши турки маст,
Дар ҳиҷоби нағма асрори аласт.
Суруди ў чунин буд:
«Ман надонам, ки ту моҳӣ ё васан?
Ман надонам, то чӣ мехоҳӣ зи ман?
Менадонам, ки чӣ хидмат орамат?
Тан занам ё дар иборат орамат?
Ин аҷаб, ки нестӣ аз ман ҷудо,
Менадонам ман куҷоам? Ту куҷо?
Менадонам, ки маро чун мекашӣ?
Гоҳ дар бар, гоҳ дар хун мекашӣ».
Ҳамчунин лаб дар «надонам» боз кард,
«Менадонам, менадонам» соз кард.
Чун зи ҳад шуд «менадонам» аз шигифт,
Турки моро з-ин ҳарора дил гирифт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо