МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Мутриби ҷон мўниси мастон бувад,
Нақлу қуту қуввати маст он бувад.
Мутриби эшон суйи мастӣ кашид,
Боз мастӣ аз дами мутриб чашид.
Шароби Ҳақ мастро ба маҷлиси тараб мебарад ва тан аз ин шароб ҳоли хешро пайдо мекунад. Мастии тану мастии ҷон дар лафз бо ҳам монанданд. Ҳамин шабоҳати лафз инсонро ба иштибоҳ меандозад. Монанди ин ки кофиру муъмин дар тан ба ҳам монанданду дар кору амал ва ибодат тафовут доранд. Ҷисми одамӣ мисли кўза сарбаста аст. То сари онро боз накунӣ ва ба даруни он нанигарӣ, чизи дохили онро нахоҳӣ донист.
Ҷисмҳо чун кўзаҳои бастасар,
То ки дар он кўза чӣ бвад? Он нигар.
Кўзаи он тан пур аз оби ҳаёт,
Кўзаи ин тан пур аз заҳри мамот.
Лафз монанди ҷисм аст ва ҷисмҳо бо ҳам шабеҳанд, аммо маънӣ, ки дар дарун аст, ба ҷон мемонад. Маснавии ман ҳам ҳамин тавр аст. Сураташ гумроҳкунанда аст ва маънояш раҳнамову раҳонанда. Паёмбари акрам (с) дар бораи Қуръони карим мегўяд:
– Ин китоб дар дилҳо асар мекунад, ғайр аз ин ки гурўҳеро роҳбар асту гурўҳеро таъсир надорад.
Кўре ба хонаи Расули Худо (с) омаду гуфт:
–Эй, ки ҳоҷати ҳамаро мебарорӣ, маро ҳам дарёб!
Модари муъминон, ҳамсари Паёмбари акрам (с) – Оиша (р), ки он ҷо буд, чун кўрро дид, ба дигар ҳуҷра давид, то рўймоле бар сар кунад. Он бону медонист, ки ҳазрати Муҳаммад (с) рашки зиёд дорад ва намехост дили ў малул гардад. Паёмбари Худо (с) ба Оиша (р) гуфт:
– Ў туро намебинад, чаро пинҳон мешавӣ?
Оиша (р) гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо