МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
–Ҳамнишинӣ бо мардуми доноро воҷиб кардаанд, аммо бештари мардум авоманду нодон ва дар ҳукми сангу кулўх. Бо чунин касон набояд шиштухез кард, зеро ин гуна мардум аз кулўху санг бадтаранд. Кулўху санг ба касе озор намерасонанд, вале нодонҳо ҳазорҳо офат доранд.
Худ кулўху санг касро раҳ назад,
З-ин кулўхон сад ҳазор офат расад.
Пас аз ин гуфтушунид мурғ аз мард пурсид:
– Ин донаҳои гандум моли кистанд?
Мард гуфт:
–Моли ятими бесарпарасте ҳастанд ва назди ман амонат гузоштааст.
Мурғ гуфт:
–Ман гурусна ва дармондаам. Дар ҳолати ман мурдор ҳам барои ман ҳалол аст. Ту ба ман ёрӣ расон ва иҷозат бидеҳ, эй амини муҳтарам, ки ман чанд донаки онҳоро бихўрам.
Мард гуфт:
–Ту заруратро худат муайян мекунӣ. Магар намедонӣ, ки хўрдани моли ятим чӣ зиёне дорад?
Мурғ андаке ба худ фурў рафт, аммо оқибат ҳирсу тамаъ бар ў дастболо шуду ба хўрдани донаҳои гандум пардохт. Хўрдан ҳамон буду гирифтори дом шудан ҳамон. Дар он ҳол ба нолидану дуо хондан оғоз кард ва намедонист, ки дуо баъди харобшавии шаҳри Басра суд надорад. Дуоро пеш аз хўрдану гирифтор шудан боистӣ хонд ва бар гуруснагӣ сабр бояд кард, то гирифтори дом нашавӣ!
Он замон ки дев мешуд роҳзан,
Он замон бояст «Ёсин» хондан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо