МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Ба ҳар сў мегашту пурсуҷў мекард. Касеро бар сари чоҳ дид, ки сарашро бар замин мезанаду зорӣ мекунад. Ў дузди гўсфанд буд, вале мард ўро намешинохт. Мард аз дузд пурсон шуд, ки чаро менолад ва чунин парешон аст. Дузд гуфт:
–Ҳамёни зарам, ки дар он панҷсад динор буд, дар ин чоҳ афтод. Агар ту онро аз чоҳ берун оварӣ, панҷяки онро ба ту медиҳам.
Мард худ ба худ гуфт:
–Сад динор баҳои даҳ гўсфанд аст. Агар дузде гўсфандамро бурд, Худованд ба ҷойи он баҳои даҳ гўсфанд ба ман мерасонад:
Ҷомаҳо барканду андар чоҳ рафт,
Ҷомаҳоро бурд ҳам он дузд тафт.
Либосҳояшро кашиду ба чоҳ даромад, ҳар қадар ҷуст, кисаи зарро наёфт. Аз чоҳ берун омад, дид на либос ҳасту на аз он мард асаре пайдост.
Ў яке дузд аст фитнасирате,
Чун хаёл ўро ба ҳар дам сурате.
Кас надонад макри ў илло Худо,
Дар Худо бигрезу вораҳ з-он дағо.
Мурғ гуфт:
– Эй мард, аз танҳошинӣ бипарҳез, зеро агар мусалмонӣ бояд бидонӣ, ки дар дини ислом гўшанишинӣ раво нест. Намози ҷумъаро барқарор кардаанд, ки ҳама бо ҳам гирд оянд ва якдигарро ба некӣ панд диҳанду аз бадӣ бипарҳезанд. Гўшанишинӣ дар дини Исо (а) аст, на дар дини Муҳаммади Мустафо (с).
Мард гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо