МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
ДОСТОНИ
ШИКОРЧӢ ВА МУРҒИ ЗИРАК
Рафт мурғе дар миёни марғзор,
Буд он ҷо дом аз баҳри шикор.
Мурғе ба марғзоре, ки дар он ҷо шикорчӣ дом гузошта буд, расид. Дар он ҷо чанд дона дар рўйи замин хобида буд. Ин донаҳоро шикорчӣ партофта, худ зери баргу гиёҳҳо пинҳон шуда буд, ки сайдро фиреб бидиҳад. Мурғ ўро дид ва ба сўяш рафта пурсид:
–Ту кистӣ, ки либоси сабз пўшидаю миёни гиёҳони сабз нишастаӣ?
Гуфт ўро: «Кистӣ ту? сабзпўш!
Дар биёбон, дар миёни ин вуҳуш».
Мард гуфт:
–Ман як марди зоҳиду гўшанишинам, ки аз кори дунё худро буридаам. Чун маргро ҳамсояи худ дарёфтаам, зеро одамӣ оқибатуламр хоҳад мурд ва танҳо дар гўр хоҳад хуфт, беҳтар аст, ки аз ҳамроҳнишинӣ бо дигарон бипарҳезам ва худро аз офати пайвастагӣ бо онҳо бираҳонам. Аз ин ҷиҳат ман дар саҳро хилвату танҳоиро интихоб кардаам. Чӣ медонам, ними умрро дар орзуи дўст гузаронидам ва ними дигареро дар ғуссаи душманон.
Рў ба хок орем, к-аз вай рустаем,
Дил чаро дар бевафоён бастаем?
Ними умр аз орзуи дилситон,
Ними умр аз ғуссаҳои душманон.
Як шахс гўсфандеро ба ресмон баста, аз паси худ мекашид. Дузде расиду ресмонро бурид ва гўсфандро бурд. Вақте ки мард аз дуздида шудани гўсфанд огоҳ шуд, дар ҷустуҷўйи он пас гашт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо