МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
–Чӣ шуд, ки асири дастбастаро натавонистӣ куштан ва ў туро ба замин хобонид?
Сўфӣ гуфт:
–Ҳангоме ки хостам бо шамшер сарашро аз тан ҷудо кунам, нигоҳи тунду тезе ба ман андохт, ки ман аз тарс беҳуш шудам.
Гуфт: «Чун қасди сараш кардам ба хашм,
Турфа дар ман бингарид он шўхчашм.
Чашмро во карду паҳн ў сўйи ман
Чашм гардониду шуд ҳушам зи тан.
Гардиши чашмаш маро лашкар намуд,
Ман надонам гуфт чун пурҳавл буд?
Қисса кўтаҳ кун, к-аз он чашм инчунин
Рафтам аз худ, уфтодам бар замин».
Лашкариён гуфтанд:
–Ту бо ин дилу заҳра мехостӣ ҷанг ҳам бикунӣ?
Ҷанг кори шерони нар аст, ки аз дидани тани бесару хуни рехта бар хок ҳарос надоранд:
Инчунин ҳуше, ки аз муше парид,
Андар он саф теғ чун хоҳад кашид?
Кори ҳар нозукдиле набвад қитол,
Ки гурезад аз хаёле чун хаёл.
Аз дасти ҳар нозукдиле ҷанг кардан барнамеояд.
Кори яке хона нишастан асту кори мардони нотарс ҷангидан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо