Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Посбоне шаб ба хоб рафт. Дуздон омада корвонро ғорат карданду моли мардумро бурданд. Бомдод соҳибони мол омаданд ва диданд, ки шутурон бо борҳо нопадид шудаанд. Посбонро ҷанҷол карданд, ки чӣ ҳодиса шуд?
Гуфт:
–Дуздони ниқобдор корвонро бурданд. Ба ў гуфтанд:
– Ту магар санг будӣ? Чаро пеши роҳи онҳоро нагирифтӣ?
Гуфт:
–Шумори онҳо зиёд буд ва ман танҳо.
Гуфтанд:
–Агар ҷанг наметавонистӣ, чаро фарёду ҳаёҳу накардӣ, ки бедор шавем?
Гуфт:
–Шамшер кашиданд, ки агар фарёд кунӣ, туро мекушем. Он гоҳ ман аз тарс хомўш шудам. Акнун ҳар қадар мехоҳед, фарёд мекашам.
Мурғ гуфт:
–Ин оқибати касе аст, ки фиреби зоҳидонро бихўрад!
Зоҳид гуфт:
– На, ин сазои касе аст, ки моли ятимро бихўрад!
Мурғ ба нола афтод. Чунон зорӣ кард, ки дили шикорчию бандҳои доми ў ҳам ба ларза омаданд. Дар ин ҳолати бехудӣ мурғи фиребхўрда бо Худо розу ниёз мекарду мегуфт:

К-аз таноқузҳои дил пуштам шикаст,
Бар сарам ҷоно, биё, мемол даст.
Зери дасти ту сарамро роҳатест,
Дасти ту дар шукрбахшӣ оятест.
Сояи худ аз сари ман бармадор,
Беқарорам, беқарорам, беқарор.

пешина
аз 298
навбатӣ