Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он гоҳ либосҳои худро пўшиду ба роҳ афтод. Бо худ мегуфт:
–Хушии роҳи сафар сабаби дермонӣ ва дарозкашии сафар аст.
Зан, ки аз гуфтаи худ пушаймон шуда буд, гуфт:
–Ман шўхӣ кардам, марҳамат, бимон ва нарав.
Аммо меҳмон хоҳиши ўро қабул накард ва ба роҳ баромад. Мерафт ва гўё шамъе пеши пойи ўро равшан мекард ва торикиро аз миён мебурд.
Соҳибхона ва занаш марди Худо будани ўро донистанд ва аз ин ки ў дар хонаи онҳо наистод, нороҳат шуда буданд. Онҳо бовар ҳосил карданд, ки меҳмон аз ёрони Хоҷаи Хизр будааст ва дар хаёлашон мешуниданд, ки он мард мегуфт:
– Ман аз ёрони Хоҷаи Хизр будам ва агар ҳама шаб дар хонаи шумо мехуфтам, ба шумо садҳо ганҷ медодам. Аммо афсўс, ки рўзии шумо набудааст.
Фикр дар сари одамӣ монанди меҳмон аст. Фикр хоҳ ғам оварад, хоҳ шодӣ, бояд онро гиромӣ дошт, зеро агар ғам набошад, шодӣ шинохта намешавад:

Фикри ғам гар роҳи шодӣ мезанад,
Корсозиҳои шодӣ мекунад.
Хона мерўбад ба тундӣ ў зи ғайр,
То дарояд шодии нав з-асли хайр.
Мефишонад барги зард аз шохи дил,
То бирўяд барги сабзи муттасил.
Меканад бехи сурури куҳнаро,
То хиромад завқи нав аз моваро.
Ғам канад бехи кажи пўсидаро,
То намояд бехи рўпўшидаро.
Ғам зи дил ҳар чӣ бирезад, ё барад,
Дар иваз ҳаққо, ки беҳтар оварад.

пешина
аз 298
навбатӣ