МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
ДОСТОНИ
КАДХУДО, ЗАНАШ ВА МЕҲМОН
Тани одамӣ монанди меҳмонхона аст. Ҳар дам меҳмони наве аз роҳ расида меояд ва вориди меҳмонхона мешавад. Ҳеч гоҳ аз омадани меҳмони нав набояд дар ташвиш шуд, зеро ҳар чӣ аз ғайб бирасад, дар он ҳикмате ва неъмате мавҷуд аст.
Меҳмони нохондае аз роҳ расид. Соҳибхона ўро азизу гиромӣ дошт. Дастархоне барояш густурда, ўро пазироии шоёна намуд. Дар гўши занаш гуфт, ки як бистар барои худамон наздики дар биандоз ва як бистари дигар барои меҳмон дар кунҷи хона мураттаб намо. Зан, чунон ки шавҳараш гуфта буд, ҷойи хоб андохт ва онҳоро танҳо гузошта ба ошпазхона рафт. Кадхудо ва меҳмон то муддате аз дастархон хушку тар хўрдаю саргузаштҳо ба якдигар ҳикоят карданд. Чун меҳмон хаста шуд, бархост ва ба бистаре, ки зан барои худашу шавҳараш дар назди дар андохта буд, рафт, то хоб кунад. Соҳибхона хиҷолат кашид ва натавонист ба меҳмон гўяд, ки ҷойи хоби ў дигар ҷой аст. Он шаб борони сахт боридан гирифт. Зан бехабар аз ҳодисаи ҷойивазшавии бистарҳо урён шуда, ба ҷойхоби меҳмон даромад ва чанд бўсае ба рўйи ў зад, ба гумоне, ки шавҳараш аст ва дар гўшаш гуфт:
– Дидӣ, ки ин борони сахт меҳмонро дарди сарат кард.
Меҳмон аз ҷо ҷасту гуфт:
– Эй зан, ташвиш накаш, ман чакман дорам ва аз роҳ рафтан дар зери борон намеҳаросам:
Зуд меҳмон ҷасту гуфт: «Эй зан биҳил,
Мўза дорам, ғам надорам ман зи гил.
Ман равон гаштам, шуморо хайр бод,
Дар сафар як дам мабодо рўҳ шод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо