МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Ман биронам бар тани ў зарбате,
Ки бувад қавводагонро ибрате.
«Бо ҳама солус? Бо мо низ ҳам?
Доди ўву сад чу ў ин дам диҳам».
Хашми хунхораш шуда буд саркаше,
Аз даҳонаш мебаромад оташе.
Мардум дасту пойи амирро мебўсиданд ва мегуфтанд:
–Хашмгирӣ ва кинадорӣ шоистаи подшоҳ нест. Ту шоҳи меҳрубону нармдилӣ ва ҳоҷат ба бодаю май надорӣ:
Ҳеч муҳтоҷи майи гулгун наӣ,
Тарк кун гулгуна, ту гулгунаӣ.
Ту хушу хубию кони ҳар х(в)шӣ,
Ту чаро худ миннати бад мекашӣ?
Амир гуфт:
– Ин паёмбарону мардумони ҷон огоҳ ҳастанд, ки барои сархушӣ ба май ниёз надоранд. Онҳоро ҷонашон бо Худо наздик аст ва аз ин наздикӣ ғарқи шодианд, аммо ман бода менўшам, то сархуш шавам:
Ман чунон хоҳам, ки ҳамчун ёсамин
Каж ҳамегардам чунон, гоҳе чунин.
Вораҳида аз ҳама хавфу умед,
Каж ҳамегардам ба ҳар сў ҳамчу бед.
Ҳамчу шохи бед гардон чаппу рост,
Ки зи бодаш гуна-гуна рақсҳост.
Он ки хў кардаст бо шодии май,
Ин хуширо кай писандад, хоҷа, кай!
Анбиё з-он з-ин хушӣ берун шуданд,
Ки сиришта дар хушии Ҳақ буданд.
З-он ки ҷоншон он хуширо дида буд,
Ин хушиҳо пешашон бозӣ намуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо