МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Гуфт: «Дар рў гуфтани зиштии мард Ойина тонад, ки рўро сахт кард.
Рўй бояд ойинавор, оҳанин,
Тот гўяд: Рўйи зишти худ бибин».
Аз доду фарёди амир ҳама аҳли маҳалла хабардор шуданд, берун баромада даври амирро гирифтанд, аз ў бахшиши зоҳидро дархост намуданд ва мегуфтанд:
–Ин мард пир шудааст, ақлаш заиф гардида аз он ҳама зуҳду тоат чизе дар хирадаш кушода нашудааст. Ў сазовори гузашту бахшиши шоҳ аст. Аз гуноҳи ў бигузар:
Мағзи ў хушк асту ақлаш ин замон Камтар аст аз ақлу фаҳми кўдакон.
Зуҳду пирӣ заъф бар заъф омада В-андар он зуҳдаш кушоде ношуда.
Ранҷ дида, ганҷ нодида зи ёр,
Корҳо дида, надида музди кор.
Амир гуфт:
–Ў кист, ки санг бар сабўи мо бизанад ва ғуломи моро биёзорад, моро пеши меҳмон хиҷилу шармсор кунад?
Бандаи моро чаро озурд дил?
Кард моро пеши меҳмонон хиҷил.
Шарбате, ки беҳ зи хуни ўст, рехт?
Ин замон ҳамчун занон аз мо гурехт
Лек ҷон аз дасти ман ў кай барад?
Гир, ҳамчун мурғ боло барпарад.
Тири қаҳри хеш бар парраш занам,
Парру боли мурдарегаш барканам.
Гар равад дар санги сахт, аз кўшишам,
Аз дили сангаш кунун берун кашам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо