Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ғулом ба дайри раҳибон рафт ва ду кўза аз майи ноб пур карда, ба сўйи хонаи амир шитофт:

Зар бидоду бодаи чун зар харид,
Санг доду дар иваз гавҳар харид.
Бодае, к-он бар сари шоҳон ҷаҳад,
Тоҷи зар бар тораки соқӣ ниҳад.
Фитнаҳову шўрҳо ангехта,
Бандагону хусравон омехта.
Устухонҳо рафта, ҷумла ҷон шуда,
Тахту тахта он замон яксон шуда.

Дар роҳи бозгашт ғулом ба зоҳиди хушкмағзи ғамзадаю мутаассибе вохўрд:

Пешаш омад зоҳиде, ғамдидае,
Хушкмағзе, дар бало печидае.
Тан зи оташҳои дил бигдохта,
Хона аз ғайри Худо пардохта.
Гўшмоли меҳнати безинҳор,
Доғҳо бар доғҳо чандин ҳазор.

Зоҳид аз ғулом пурсид:
– Дар ин кўзаҳо чист?
Гуфт:
– Шароб.
Гуфт:
– Барои кӣ мебарӣ?
Гуфт:
– Барои фалон амир.
Зоҳид бонг зад:
–Шаробнўшӣ шоистаи амир нест, кори Шайтон
аст!
Ва бо асои худ кўзаҳоро шикаст. Ғулом аз хашми зоҳид гурехт ва назди амир омаду он чи гузашта буд, гуфт. Ғулом гуфт:
–Зоҳид мегуфт, ки агар май ҳалол аст, барои мардуми авом ҳалол аст, на барои мардумони доно ва диндорон.

Гар ҳалол омад пайи қути авом,
Толибони дўстро омад ҳаром.
Ошиқонро бода хуни дил бувад,
Чашмашон бар роҳу бар манзил бувад.
Душмани роҳи Худоро хор дор,
Дуздро минбар манеҳ, бар дор дор.
Зад зи ғайрат бар сабў сангу шикаст,
Ў сабў андохт в-аз зоҳид биҷаст.

Амир хашмгин шуд ва ба ғулом гуфт:
–Хонаи зоҳидро нишон бидеҳ, то бо ин гурзи гарон сари ўро бикўбам. Ў чӣ медонад, ки амри маъруф чист.
Ў риёкорӣ мекунад ва мехоҳад худро миёни мардум машҳур созад:

Ў чӣ донад амри маъруф аз сагӣ,
Толиби маъруфӣ асту шуҳрагӣ.
То бад-ин солуси худро ҷо кунад,
То ба чизе хештан пайдо кунад.

Ҳунари ў такаббур ва худнамоӣ аст. Ман меравам то сазояш бидиҳам.
Амир хашмгин, гурз бар даст худро ба дари кулбаи зоҳид расонд. Зоҳиди бечора аз тарс худашро зери тўдаҳои пашм пинҳон карда буд, дашномҳои амирро шунида овоз намебаровард ва бо худ мегуфт:
–Ин ойина аст, ки метавонад айби туро ба ту бинамояд!

пешина
аз 298
навбатӣ