МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Зан гуфт, ки гўштро гурба хўрдааст ва агар барои меҳмон хўрок лозим бошад, бояд биравӣ ва боз гўшт бихарӣ.
Кадхудо хашмгин шуд, тарозу овард ва гурбаро баркашид. Гурба ним ман вазн дошт. Он гоҳ ба он зани дурўғгўй гуфт:
–Гўште, ки ман харида будам, аз ним ман бештар буд. Чӣ гуна гурбае, ки ҳоло ҳам аз ним ман зиёд вазн надорад, гўштро хўрдааст:
Ин агар гурбаст, пас он гўшт ку?
В-ар бувад ин гўшт, гурба ку? Бигў!
ДОСТОНИ АМИРУ ҒУЛОМ ВА ЗОҲИД
Буд амире, хушдиле, майборае,
Каҳфи ҳар махмуру ҳар бечорае.
Мушфиқе, мискиннавозе, одиле,
Ҷавҳаре, зарбахшише, дарёдиле.
Шоҳи мардону амиралмўъминин,
Роҳбону роздону дўстбин.
Даври Исо буду айёми Масеҳ,
Халқ дилдору камозору малеҳ.
Дар рўзгори гузашта амире буд меҳрубону зиндагиро хушгузарон, майдўсту ҳам майхора. Бечораро кўмакрасон, додгару бахшандае, ки мардумонро ба дини Исо (а) ташвиқ мекард ва меҳмоннавозу дўстнигаҳдор буд. Шабе як шахс меҳмони хонаи амир шуд.
Амир ба хотири осоишу хушҳолии меҳмон ба ғуломаш фармуд, ки барои меҳмон май омода кунад ва чун дар хонааш шароб набуд, ўро назди роҳибе, ки беруни шаҳр зиндагӣ мекард, фиристод, то аз ў бода бихарад.
Дар он замон дар шариати Исо (а) майнўшӣ иҷозат буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо