Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гар ботини одамӣ софу нияташ пок бошад ва хидмати Худову халқашро пеша кунад, ба чунин мақому мартабае хоҳад расид, ки хок дар дасташ зар шуда, аз замири хоҳишманд бе гуфтори ў хабардор мешавад.
Шайх бо муриде ба як шаҳр сафар мекунад, ки дар он ҷо нон камёб буд. Дар аснои сафар мурид аз фикри гуруснагӣ ва набудани нон намеосуд ва мушавваш буд, ки агар нон пайдо накунанд, чӣ бояд кард. Шайх хаёли ўро донист ва ба ў гуфт:

Аз барои ғуссаи нон сўхтӣ,
Дидаи сабру таваккул дўхтӣ!

Гуруснагӣ озмоиш ва рўзӣ хосони Худост. Рўзии ҳар кас дар вақташ мерасад. Бояд сабр ва таваккул дошт.
Шунидаам, ки дар ҷаҳон ҷазираи сарсабзе пур аз сабзаву гиёҳ ҳаст ва дар он танҳо як гов зиндагӣ мекунад. Ҳар рўз аз бомдод то шом ҳамон сабзазорро мечараду бегоҳӣ аз фарбеҳӣ маҷоли ҷунбидан надорад. Аммо ҳангоми шаб аз тарси он ки фардо чизе барои хўрдан нахоҳад дошт, гўшти ў мерезад ва то бомдод лоғару заиф мешавад, ҳол ин ки боз то субҳ сабзаҳо мисли дирўза баланд мешаванд. Солҳост, ки кори гов ҳамин аст, вале доим ба ғами фардо гирифтор аст. Ҳеҷ наметавонад ба дирўзу имрўзи худ андеша кунад, ки хўроки ў ҳар рўз мавҷуд аст:

Ҳеч нандешад, ки чандин сол ман
Мехўрам з-ин сабзазору з-ин чаман.
Ҳеч рўзе кам наёмад рўзиям,
Чист ин тарсу ғаму дилсўзиям?
Боз чун шаб мешавад, он гови зафт
Мешавад лоғар, ки «оваҳ, ризқ рафт».

пешина
аз 298
навбатӣ