МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Нафси одамӣ чун ин гов аст ва ин ҷаҳон сабзазори ўст. Ҳар рўз нону оби ў ато мешавад, вале дар ғами фардо асту дар ғуссаи нонпайдокунӣ, ки чӣ гуна ва аз куҷо пайдо кунад:
Нафс он гов асту он дашт ин ҷаҳон,
К-ў ҳаме лоғар шавад аз хавфи нон,
Ки чӣ хоҳам хўрд мустақбал? Аҷаб!
Лути фардо аз куҷо созам талаб?
Солҳо хўрдиву кам н-омад зи х(в)ар,
Тарси мустақбал куну мозӣ нигар.
Луту пути хўрдаро ҳам ёд ор,
Мангар андар ғобиру кам бош зор
ДОСТОНИ
РОҲИБЕ, КИ РЎЗОНА БО ЧАРОҒ ИНСОНРО
ҶУСТУҶЎ ДОШТ
Дунёбезоре рўзона бо шамъ дар бозори шаҳр мегашт ва бо ишқу сўзи дил ба ҳар сўй нигоҳ мекард, гўё чизеро ҷустуҷў дошт. Марде ба ў гуфт:
–Эй мард! Дар пайи чӣ мегардӣ? Он ҳам бо рўшноии рўз. Ба равшании шамъ чӣ ниёз дорӣ?
Роҳиб гуфт:
– Инсонро ҷустуҷў дорам.
Он мард гуфт:
– Дар ин бозор инсонҳо бисёранд. Магар чашми ту намебинад?
Гуфт:
– Ман дар пайи марде ҳастам, ки дар сар асари хашм ва ҳоҷату шаҳват надошта бошад:
Вақти хашму вақти шаҳват мард ку?
Толиби марде равонам кў ба кў!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ