МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Рўбоҳ гуфт:
–Он ки ту дидӣ, шер набуд, тилисми сеҳру ҷоду буд,
ки ба чашми ту шер менамуд. Ман аз ту заифтару харобтарам. Он ҷо чаро мекунам, то ҳол шереро надидаам.
Гуфт рўбаҳ: «Он тилисми сеҳр буд,
Ки туро дар чашм он шере намуд.
В-арна ман аз ту ба тан мискинтарам,
Ки шабу рўз андар он ҷо мечарам.
Гарна з-он гуна тилисме сохтӣ,
Ҳар шикамхоре бад-он ҷо тохтӣ».
Ва ин тилисмро барои ин сохтаанд, ки ҳар шикамбадори пурхўре он ҷо наравад ва ба тамаъи дар он марғзор мондан наафтад.
Хар гуфт:
–Аз пеши ман дур шав, ту душмани манӣ ва дар рехтани хуни ман саъй мекунӣ. Ман шерро, ки дидам, гўё Азроилро дидаам. Ҳамаи танам аз тарс ба ларза афтод. Ҳамон ҷо гуфтам, ки «эй Худованд, пойи маро қувват бидеҳ, ки бигурезам. Шарт мекунам, ки дигар васваса накунам ва тамаъ наварзам». Барои ҳамин Худо маро аз кушта шудан раҳонид:
Он чи медидам зи ҳавли беамон,
Тифл дидӣ, пир гаштӣ дарзамон.
Рўбоҳ гуфт:
–Ваҳму хаёлат сабаби гумроҳӣ ва каҷандешии ту шудааст. Аз худ каме берун биё, то ҳақиқатро дарёбӣ:
Чун туро ваҳми ту дорад хирасар,
Аз чӣ гардӣ гирди ваҳми он дигар?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё