Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рўбоҳ шукргўйии харро написандид ва гуфт:
– Бар ҳар ҷонваре фарз аст, ки дар пайи рўзии ҳалол бикўшад, то он чӣ мехоҳад, ба даст овард.

Олами асбобу чизе бесабаб
Менаёяд, пас муҳим бошад талаб.
Бе калид ин дар кушодан роҳ нест,
Бе талаб нон суннати Аллоҳ нест.

Хар гуфт:
–Ин сухани ту аз заъфи таваккул аст. Ту бояд бидонӣ, он ки ҷон медиҳад, нон ҳам медиҳад.

Гуфт: «Аз заъфи таваккул бошад он
Варна бидҳад нон касе, ки дод ҷон.
Ҷумларо Раззоқ рўзӣ медиҳад,
Қисмати ҳар кас ба пешаш мениҳад.

Рўбоҳ гуфт:
–Он таваккул, ки ту аз он мегўйӣ, камёб аст.

Гуфт рўбоҳ: «Он таваккул нодир аст,
Кам касе андар таваккул моҳир аст.
Гирди нодир гаштан аз нодонӣ аст,
Ҳар касеро кай раҳи султонӣ аст?
Ҳадди худ бишносу бар боло мапар,
То наяфтӣ дар нишеби шўру шар».

Хар гуфт:
– Ин сухани ту дуруст нест.

Гуфт: «Ин маъкус мегўйӣ, бидон,
Шўру шар аз тамъ ояд сўйи ҷон.
Аз қаноат ҳеч кас беҷон нашуд,
Аз ҳарисӣ ҳеч кас султон нашуд».

пешина
аз 298
навбатӣ