МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
ДОСТОНИ
ХАРИ МАРДИ ҶОМАШЎЙ ВА РЎБОҲУ ШЕР
Ҷомашўе хари лоғари камқуввате дошт. Дар ҷое, ки зиндагӣ мекард, сабзаву алаф кофӣ ёфт намешуд. Гоҳо хари бечора ҷуз об чизи дигаре барои хўрдан намеёфт.
Дар он наздикӣ бешае буд, ки шере он ҷо зиндагӣ мекард ва чанд ҳайвони дигаре гирди ў гашта, ризқу рўзӣ меёфтанд. Аз қазо, рўзе он шер бо филе рў ба рў шуду бо ҳам ҷангиданд.
Зўри фил боло гирифт ва чанд захме бар шер зад ва шер нотавон шуда, аз шикор бозмонд. Чун дарандагони дигар аз боқимондаи шикори шер мехўрданд, беқудратии шер сабаб шуд, ки ҳам шеру ҳам дигарон беғизо ва гурусна монданд. Шер дар он чораро дид, ки рўбоҳро ба ҷустуҷўйи харе ё гове бифиристад, то онро ба дом андохта, бо фиреб назди шер биёварад ва шеру дигар дарандагон шикамҳоро аз ғизо пур кунанд.
Рўбоҳ бо худ гуфт:
– Ба ҳар ҳол, шер подшоҳи мост ва мо хидматгорони ў. Пеш аз захмӣ шуданаш мо аз боқимондаи шикори ў сер мешудем. Ман бояд бо ҳилаю афсун ҳайвонеро фиреб диҳаму онро дастраси шер гардонам:
Ҳилаву афсунгарӣ кори ман аст,
Кори ман дастону аз раҳ бурдан аст.
Пас ба роҳ афтод. Дар кўҳу дара мегашт, чашмаш ба хари марди ҷомашўй афтод, ки дар миёни саҳро дар ҷустуҷўйи сабзаву алаф аст. Пеш рафта салому аҳволпурсӣ кард ва пурсид:
–Ту дар ин саҳрои хушки беалаф чӣ кор мекунӣ?
Гуфт: «Чунӣ андар ин саҳрои хушк,
Дар миёни санглоху ҷойи хушк?
Гуфт хар: «Гар дар ғамам, гар дар Ирам,
Қисматаш Ҳақ кард, ман з-он шокирам.
Шукр гўям дўстро дар хайру шар,
З-он ки ҳаст андар қазо аз бад батар».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё