МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Ҳақ бидид он ҷумларо, нодида кард,
То нагардам дар фазиҳат рўйзард.
Боз раҳмат пўстиндўзим кард,
Тавбаи ширин чу ҷон рўзим кард.
Ҳар чӣ кардам, ҷумла нокарда гирифт,
Тоати нокарда оварда гирифт.
Ҳамчу сарву савсанам озод кард,
Ҳамчу бахту давлатам дилшод кард.
Номи ман дар номаи покон навишт,
Дўзахӣ будам, бибахшидам биҳишт.
Дар ҳамай олам намегунҷам кунун.
Офаринҳо бар ту бодо, эй Худо!
Ногаҳон кардӣ маро аз ғам ҷудо.
Баъд аз ин ки доду ғавғо поён ёфт, як нафаре аз
ҷониби духтари подшоҳ назди Насўҳ омад ва паём
овард, ки шоҳдухтар мехоҳад ба гармоба биояд. Хоҳиш
кардааст, ки маҳз ту бояд ўро ёрӣ диҳӣ. Насўҳ
Гуфт: Рав, рав дасти ман бекор шуд,
В-ин Насўҳи ту кунун бемор шуд.
Чун бар тавбаи худ пойдор монда ва растагор шуда буд, бо худ гуфт:
Ман бимирам як раҳу боз омадам,
Ман чашидам талхии маргу адам.
Тавбае кардам, ҳақиқат бо Худо,
Нашканам, то ҷон шудан аз тан ҷудо.
Аз он пас тавбаи Насўҳ миёни мардум машҳур шуд.
Тавбаи ҳақиқӣ, тавбае, ки ҳаргиз шикаста намешавад ва бо ин номи «тавбаи Насўҳ» то ба ҳол вирди забони мардуми форсизабон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё