МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Аммо аз тарси расвоӣ ва марг бо тани ларзон аз таҳи дил аз кори зишти худ пушаймон гашта, тавба мекард ва бо Худо розу ниёз ва лобаю зорӣ менамуд.
Гуфт: «Ё Раб, борҳо баргаштаам,
Тавбаҳову аҳдҳо бишкастаам.
Кардаам онҳо, ки аз ман месазид,
То чунин сели сиёҳе даррасид.
Навбати ҷустан агар дар ман расад,
Ваҳ, ки ҷони ман чӣ сахтиҳо кашад».
Сардорон ҳукм карданд, ки ҳама коргарони гармоба либосҳои худро аз тан бикашанд, то лучу урён кофтуков шаванд. Чун Насўҳ беҳтарини коргарон ва мавриди лутфи занони аъёну шоҳзодагон қарор гирифта буд, кофтукови ўро ба охир гузоштанд. Вале ў аз тарс беҳушу аз худ бехуд дар гўшае афтода буд. Ў чунон аз таҳи дил меларзиду ашк мерехт ва пушаймонии худро ба даргоҳи Худованд изҳор мекард, ки ба ҳоли ў дили санг об мешуд.
Гар маро ин бор сатторӣ кунӣ,
Тавба кардам ман зи ҳар нокарданӣ.
Тавбаам бипзир ин бори дигар,
То бибандам баҳри тавба сад камар.
Ман агар ин бор тақсире кунам,
Пас дигар машнав дуъову гуфтанам».
Ин ҳамезориду сад қатра равон,
Ки дарафтодам ба ҷаллоду авон.
То намирад ҳеч афранге чунин,
Ҳеч мулҳидро мабодо ин ҳанин.
Навҳаҳо мекард ў бар ҷони хеш,
Рўйи Азройил дида пеш-пеш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё