Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои ин кор борҳо пеши худ тавба мекард, аммо ҳар бор тавбаашро мешикаст:

Тавбаҳо мекарду то дармекашид,
Нафси кофир тавбаашро медарид.

Оқибат рўзе назди орифи худопарасте рафт ва аз ў дархост кард, ки дар ҳаққи ў дуо кунад, зеро он марди худопараст монанди Худо аз рози ниҳони ў огоҳ буд.
Аммо ба ҳукми Парвардигори бузург розпўшӣ кард, зеро мардони Худо ҳамеша қуфле бар забон доранд:

Бар лабаш қуфл асту дар дил розҳо,
Лаб хамўшу дил пур аз овозҳо.
Орифон, ки ҷоми Ҳақ нўшидаанд,
Розҳо дониставу пўшидаанд.

Он марди ориф Насўҳро расво ва фош накарда гуфт:
–Умедвории Худованд аз он чӣ ту пинҳон мекунӣ, туро тавба диҳад:

Орифон, ки ҷоми Ҳақ нўшидаанд,
Розҳо дониставу пўшидаанд.
Ҳар киро асрори кор омўхтанд,
Муҳр карданду даҳоншон дўхтанд.

Аз ин ки дуои мардони Худо дар назди Яздони пок ҳамеша пазируфтааст, Худованд дуои ўро пазируфт ва оқибати кори он мискину бечора дар охири охирон хуб шуд.
Рўзе дар гармоба гавҳаре аз зару зевари яке аз шоҳзодадухтарон гум шуд. Дари гармобаро бастанду ҳама сўрохию шикофиҳоро кофтанд. Амр карданд, ки ҳама ходимон омодаи кофтуков бошанд. Насўҳ аз тарси расвоие, ки дар натиҷаи ҷустуҷў зан набуда, мард будани ў ошкор мешавад, ба ларза афтод ва дар гўшае пинҳон шуд.

пешина
аз 298
навбатӣ