МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Чун бад-он ҷо расид ва дарро боз кард, канизаку зоҳид садои поро шуниданд ва канизак либос пўшиду зоҳид ба намоз пардохт. Зан аз чеҳраи ошуфтаи канизак дарёфт, ки кор аз кор гузашта ва ў дер расидааст.
Чун шавҳарро дар намоз ларзон дид, домани куртаи ўро боло зад ва ба рози нуҳуфта пай бурд. Он гоҳ муште бар сари зоҳид кўбиду гуфт:
– Эй номард! Ба ин олудагӣ ба намоз истодаӣ ва фаромўш кардаӣ, ки:
Рўзи маҳшар ҳар ниҳон пайдо шавад,
Ҳам зи худ ҳар муҷриме расво шавад.
Дасту по бидҳад гувоҳӣ бо баён
Бар фасоди ў ба пеши мустаъон.
Даст гўяд: «Ман чунин дуздидаам»,
Лаб бигўяд: «Ман чунин пурсидаам».
Аммо хашму нороҳатӣ дигар суде надошт, дасти қазову қадар бар рашки зан пирўз шуд. Он чӣ набояд иттифоқ биафтад, воқеъ шуда буд ва ҳеҷ кўшише пеши онро гирифтан наметавонист.
ДОСТОНИ ТАВБАИ НАСЎҲ
Дар рўзгорони гузашта марде буд, Насўҳ ном, ки чеҳраи ў ҳолату рангу рухсори занонро дошта ва ба ин сабаб ў хидматгории гармобаи занонро пешаи худ карда буд.
Буд рўйи ў чу рухсори занон,
Мардии худро ҳамекард ў ниҳон.
Бо вуҷуди ин ки худро ба шакли зан меорост ва
ҷомаи занона бар тан мекард, дар шаҳватронӣ аз мард
чизе камӣ надошт. Бо молиши занони бузургону шоҳзодагон лаззат мебурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё