МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Ё садҳо муъҷизаҳои пайғамбарони дигар, ки ҳама бесабаб ва хилофи одатҳои мо воқеъ шудаанд.
Бо ин ҳама Худованд мукофоти некўкоронро кафолат додааст ва агар касе ба даромаду моли хеш нодоронро шарик кунад, шак нест, ки ҳоҷатманду гирифтори мушкилӣ нахоҳад шуд.
ДОСТОНИ
ЗОҲИДУ ЗАНАШ ВА КАНИЗАК
Зоҳиде зани серрашк ва канизаки зебое дошт. Зан аз бисёрии рашк пайваста канизакро мепойид, ки мабодо миёни ў ва шавҳараш робитаи наздикӣ барқарор шавад. Иттифоқан, рўзе зан ба гармоба рафт ва канизакро ҳам ҳамроҳ бурд. Ногоҳ ёдаш омад, ки таштро фаромўш кардааст. Ба ночор канизакро барои овардани ташт ба хона фиристод. Канизак, ки шаш сол боз ошиқи зоҳид буд, аз шодӣ, ки ўро дар хона танҳо хоҳад ёфт, болу пар баровард ва худро ба хона расонид.
Зоҳид ҳам, ки чунин тасодуфи дилангезро интизор набуд, ўро дар оғўш кашид.
Гашт паррон, ҷониби хона шитофт,
Хоҷаро дар хонаи хилват биёфт.
Ҳар ду ошиқро чунон шаҳват рабуд,
К-эҳтиёту ёди дар бастан набуд.
Ҳар ду бо ҳам дар хазидан аз нишот,
Ҷон ба ҷон пайваст он дам з-ихтилот.
Зан, ки дар гармоба буд, ногаҳон ба ёдаш расид, ки
иштибоҳ кардааст ва бо дасти худ он канизаку шавҳарашро ба ҳам расонидааст. Пас бошитоб шустушў карду бо дили шўрида ва нигаронии фаровон рў ба хона ниҳод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё