МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Ту аз он эърози ў афғон макун,
Хештанро аблаҳу нодон макун.
Балки шукри Ҳақ куну нон бахш кун,
Ки нагаштӣ дар ҷуволи ў куҳун.
Аз ҷуволаш зуд берун омадӣ,
То биҷўйӣ ёри сидқи сармадӣ.
Чӣ беҳтар аст, ки одаме аз бадии ёрони ҳасуд ва кинаҷў халос шавад, вақти худро сарфи ҷустуҷўйи ёрони ҳақиқӣ кунад ва ба даргоҳи Худованд паноҳ барад.
Он марди накўкор фарзандони худро ин гуна панд медод ва аз онҳо мехост, ки Худоро фаромўш накунанд ва моли Худоро бо халқ бихўранд, то ҳамеша тавонгар бимонанд. Аммо афсўс, ки онҳо сазовори некўкорӣ набуданд ва дилҳои онҳо замини шўразореро мемонд, ки дар он ҳеҷ донае сабз намешавад ва ҳосил намедиҳад.
Пайғамбарон, ҳама халқро ба корҳои нек даъват мекарданд, вале панди онҳо дар ҳама яксон асар намекард. Танҳо мардумони хушбахт гўш ба насиҳатҳои некўхоҳон мекунанд. Сухани хуб дар дили санг асар намекунад.
З-он чи кўҳу санг дар кор омаданд,
Менашуд бадбахтро бикшода банд.
Аммо ҳеҷ мушкиле ба осонӣ ҳал намешавад. Чӣ бисёр дилҳои сангин, ки доду атои Худованд онҳоро қобилият медиҳад. Аммо доштани қобилият танҳо шарт нест, шарти асосӣ иродаи бахшиши ўст.
Худованд ҳар корро ба сабаб вогузоштааст. Асл ин аст, ки ҳеҷ коре бе сабаб воқеъ намешавад. Бо ин ҳама гоҳ иродаи Парвардигор бар хилофи одати мо ба вуқўъ меояд ва бесабаб ҳам касе сазовори атои Худованд мешавад. Монанди Мўсо (а), ки бар хилофи одати рўзмарраи мо асои дасти ў аждаҳо мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё