Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рўзе фарзандони худро гирд оварда, васият кард, ки мабодо ҳиссаи мискинон, дармондагону бечорагонро фаромўш кунед. Агар ҳаққи фақирону бечорагонро бидиҳед, Худованд ба кишту меваи баракат ато менамояд.

Ризқ аз Вай ҷў, маҷў аз Зайду Амр,
Мастӣ аз Вай ҷў, маҷў аз бангу хамр.

Ин замину тухм, обу кишт сабабҳоянд. Масалан, ҳамаи инҳо фароҳам шуд, аммо дона сабз нашуд ва нарўйид, чӣ мекунӣ? Нола мекунӣ, даст ба дуо бармедорӣ ва ба Худованди доно паноҳ мебарӣ. Ту корро анҷом бидеҳ, вале баракату ҳосилро аз Худои қодиру тавоно биҷўй.

Оқибат з-инҳо бихоҳӣ мондан,
Ҳин, киро хоҳӣ дар он дам хондан?

Агар ҳамаро бигузорию ба Худованди доно паноҳ барӣ, ҳаргиз зиён нахоҳӣ дид. Рўзгоре мерасад, ки мард аз бародараш мегурезаду фарзандон аз падару модар.
Агар Худованди мутаъол бо ту бошад, аз ин ҳодисаҳо ҳарос набояд дошта бошӣ. Чӣ басо ёрону наздикону хешовандон аз рашку ҳасад ё тамаъу ғараз туро бигузоранд. Нигарон машав! Ўро бихоҳу чашм ба дигарон надошта бош! Агар дўсти ҳасуд имрўз туро раҳо кард, ё хўйи бади худро ошкор кард, нороҳат нашав, балки хушҳол бош, ки худро ба ту шиносонд ва гавҳари хешро нишон дод. Вагарна чӣ басо то охири умр гирифтори ў бимондӣ. Умру молу тандурустии худро нисор мекардӣ.

Ёри ту чун душмане пайдо кунад,
Гарри ҳиқду рашки ў берун занад.

пешина
аз 298
навбатӣ