МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Масали мурид масали тўтӣ аст, ки дар баробари ойина нигоҳаш доштаанд, ў дар ойина тўтии ҳамҷинси худро мебинад. Устодро, ки пушти ойина ниҳон шуда сухан мекунад, намебинад ва хаёл мекунад, ки тўтии ойина сухан мекунад. Ў ҳам тақлидашро мекунад.
Дар пайи ойина он усто ниҳон,
Ҳарф мегўяд адиби хушзабон.
Тўтияк пиндошта, к-ин гуфти паст
Гуфтани тўтист, к-андар ойинаст.
Пас зи ҷинси хеш омўзад сухан
Бехабар аз макри он гурги куҳан.
Аз паси ойина меомўзадаш
В-арна н-омўзад ҷуз аз ҷинси х(в)адаш.
Гуфтро омўхт з-он марди ҳунар,
Лек аз маъниву сирраш бехабар.
Аз башар бигрифт мантиқ як ба як,
Аз башар ҷуз ин чӣ донад тўтияк?
ДОСТОНИ
МАРДИ НЕКЎКОРИ АҲЛИ ЗАРВОН
Дар Зарвон ном деҳе дар кишвари Яман марди накўкоре зиндагӣ мекард, ки пайваста роҳе барои кўмак ба дармондагону ниёзмандон пайдо мекард.
Мекўшид, ки дили онҳоро хуш кунад ва онҳоро аз ҳоҷатмандӣ бираҳонад.
Каъбаи дарвеш будӣ кўйи ў,
Омадандӣ мустамандон сўйи ў.
Ў ҳангоме ки гандумро дарав мекард, даҳяки онро
ба нодорон мебахшид ва чун гандуми боқимондаро орд
мекард, боз даҳяки ордро ба ҳоҷатмандон медод. Вақте ки нон мепухт, даҳяки нонро ба дигарон мебахшид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё