Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Як бор аз хандаи одами шунаво ба ханда меафтад, бе донистани иллати хандаи одам аз рўйи тақлид ба хандаи ў. Бори дуюм, иллатро ҷўё мешавад ва далели хандаро дармеёбад ва боз механдад.

Пас муқаллид низ монанди кар аст,
Андар он шодӣ, ки ўро дар сар аст.

Муриди шайх ҳам, бе он ки бидонад чаро шайх мегиряд, монанди ў ашк мерехт. Баъд аз он пеши шайх изҳори иродат кард ва бозгашт. Шайх муриди хоси дигаре дошт, ки ҳамеша дар хидмати ў буд. Ҳоли ўро медонист, ки ҳеҷ кореро бе далели ақл намекунад ва барои дарду ғами худ намегиряд. Аз ин ҷиҳат, чун мурид ба роҳ афтод, дунболаш рафт ва дур аз диди шайх ба ў гуфт:
–Эй мард, ту бо дидани гиряи шайх гирён шудӣ ва надонистӣ барои чӣ гиря мекунӣ. Албатта, ин кори ту аз ҷиҳати тақлид буд. Вале мабодо гумон кунӣ, ки гиряи тую ў монанд аст. Агар чунин биандешӣ, дарвоқеъ, инкори шайх ва муроди худро кардаӣ. Ману ту монанди сабаде ҳастем рўйи об, ки хаёл мекунанд пур аз об шудааст. Аммо ҳамин ки онро бармедоранд, обе дар он нест. Ё монанди ойинае ҳастем, ки нури офтоб дар он инъикос мешаваду гумон мекунад нури худи ўст, ки медурахшад. Аммо ҳамин ки офтоб ғуруб кард, торикӣ мешавад ва аз рўшноӣ дар ў хабаре нест.
Гиряи шайх дами Исо (а) аст, на чун ҳар даме, ки аз ғам ё шодӣ бошад. Он чӣ одамӣ бинаду аз дидори он шоду хандон шуда ё ғамгину гирён мегардад, ба ваҳму хаёли мо дарнамеояд.

Зоҳираш монад ба зоҳирҳо, валек
Қурси нон аз қурси маҳ дур аст нек.

пешина
аз 298
навбатӣ