Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он ханда бар лаби ў ҷовидон бимонд.
Ишқи пок, монанди нури хуршед, бар ҳама ҷо ва ҳама кас яксон метобад. Хуршед бар нопокиҳою покиҳо, бар олудагиҳою бар сабзаю гулҳо яксон нур меафшонад. Аммо ҳангоме ки партави худро бармегирад, аз он нопокиҳою олудагиҳо ва аз он рангу бў чизе ҳамроҳ намебарад.

Нури маҳолуда кай гардад абад?
Гар занад он нур бар ҳар неку бад.

Як нафар аз муфтие пурсид:
–Оё гиря намозро ботил мекунад?
Муфтӣ гуфт:
–То гиря барои кӣ ва чӣ бошад. Агар аз шавқи дидори Худованд гиря мекунӣ ё аз тарси ў бо пушаймонӣ аз гуноҳ, на танҳо намоз ботил намешавад, балки комил мешавад. Ва агар барои ҳоҷати худу тани худу касони худ гиря кунӣ, он намоз ба донаи гандуме намеарзад. Дар баробари Парвардигор бояд худро фаромўш кунӣ, ҳамчунон ки ошиқ ба фармони маъшуқ аз ҷон мегузарад ва ба ишқи ҷовидон хушбахтии ҷовидон мерасад.

ДОСТОНИ ШАЙХУ МУРИД

Муриде рўзе пеши шайхи худ рафт. Ўро гирён дид.

Шайхро чун дид гирён он мурид,
Гашт гирён, об аз чашмаш давид.

Мурид аз гиряи шайх ба гиря афтоду ҳой-ҳой гирист. Дар масал аст, ки одами шунаво як бор механдад ва одами кар ду бор.

пешина
аз 298
навбатӣ