МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
–Эй марди доно, ту рангу бўйро мебинӣ ва он балоҳо, ки аз чашми ҳасуд ба ман мерасад, ҳама аз ин парҳои зебост, намебинӣ:
Он намебинӣ, ки ҳар сў сад бало Сўйи ман ояд пайи ин болҳо.
Чун надорам зўру забти хештан,
З-ин қазову з-ин балову з-ин фитан.
Он беҳ ояд, ки шавам зишту кареҳ,
То бувад омин дар ин кўҳсору теҳ.
Ин силоҳи уҷби ман шуд, эй фато!
Уҷб орад муъҷибонро сад бало».
Ин парҳо сабаби ғурури ман аст. Чун сабр надорам ва тавоноии нигаҳдории худ аз ҷилвагарӣ дар ман нест, беҳтар, ки мояи фасодро аз худ дур кунам.
Мурғаке саргарми шикори кирм буд. Гурбае фурсат ёфт ва ўро шикор кард:
Оқилу маъқул буду бехабар,
Дар шикори худ зи сайёди дигар.
Агар гиёҳ оби пок мехўрду сар бармекашид, меъдаи ҳайвон онро беҳтар қабул мекард. Ҳама хўрандаанд ва хўрда мешаванд, ҷуз Зоти Худованд! Даст дар дасти пири хирад неҳ ва бо вай ўро бишнос:
Ақли комилро қарин кун бо хирад,
То ки бозояд хирад з-он хўйи бад.
Чунки дасти худ ба дасти ў ниҳӣ,
Пас зи дасти оқилон берун ҷаҳӣ.
Ҳар куҷо дом асту дона, кам нишин,
Рав, забунгиро, забунгирон бибин.
Эй забунгири забунон, ин бидон,
Даст ҳам болои даст аст, эй ҷавон!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё