МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
– Ўро он қадар дўст надорам.
Даст н-ояд бедирам дар роҳ нон,
Лек ҳаст оби ду дида ройгон.
Товус пари зебои худро мебинад, аммо пойҳои зишти худаш ба чашмаш намерасад. Барои ҳамин ғурур ба ў чашми бад мерасад. Бо ғурури худ ҳасади дигаронро меафзояд ва ба дарди сар меафтад:
К-аз ҳасад в-аз чашми бад бе ҳеч шак,
Сайру гардишро бигардонад фалак.
Об пинҳон асту дўлоб ошкор,
Лек дар гардиш бувад об асли кор.
Чашми некў шуд давои чашми бад,
Чашми бадро «ло» кунад зери лагад.
Ин ғурур, ки дар товус ҳаст, дар шайтон ҳам буд.
Шайтон дар луғат ба маънои саркаш аст. Ў аз фармони Худо бо худписандӣ сар кашид ва дархури лаънату нафрини Парвардигор шуд. Раёсатҷўйӣ ва бартарихоҳӣ ўро аз даргоҳи Худои бузург дур кард.
Донишманде товусеро дид, ки парҳои худро меканду ба замин мепартофт. Гуфт:
–Чаро парҳои зеборо меканӣ? Он ҳам ин парҳои зебо, ки қуръонхонон онҳоро чун ишорачўб дар байни варақҳои Қуръони маҷид мегузоранд:
Ин чӣ ношукриву чӣ бебокӣ аст?
Ту намедонӣ, ки наққошаш кӣ аст?
Бармакан он пар, ки напзирад руфў,
Рўй махрош аз азо, эй хубрў.
Товус аз гиря боз истоду гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё