Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷони парвона ҳамедорад нидо,
К-эй дареғо, сад ҳазорам пар будо.
То ҳамесўзид з-оташ беамон
Кўрии чашму дили номаҳрамон.

Худованд барои шинохти бандагони муъмини худ ба ин бозии шигифт даст мезанад.
Оташеро шакли обе додаанд,
В-андар оташ чашмае бикшодаанд.
Ходиме аз хидмат ба мардум махдуму азиз мешавад ва махдуме аз худписандӣ ба зиллату пастӣ меафтад. Чӣ басо сайде, ки растагор аст ва чӣ басо сайде, ки гирифтор.
Араберо сагаш мемурд ва ў гиряву зорӣ мекард.
Раҳгузаре сабаби зории ўро пурсид.
Гуфт:
– Саге доштам, ки:
Рўз сайёдам буду шаб посбон,
Тезчашму сайдгиру дуздрон.
Пурсид:
– Бемориаш чист?
Гуфт:
– Дарди гуруснагӣ.
Раҳгузар гуфт:
–Худованди азиз ба ту сабр бидиҳад. Дар ин халта, ки бо худ дорӣ, чӣ ҳаст?
Гуфт:
– Нон!
Роҳгузар гуфт:
–Эй мард, чаро аз ин нон ба он саг намедиҳӣ, то аз гуруснагӣ намирад?
Гуфт:

пешина
аз 298
навбатӣ