Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бас таноб андар гулўву тоҷи дор,
Бар вай анбўҳе, ки инак тоҷдор.
Ҳамчу гўри кофирон, берун ҳулал,
Андарун қаҳри Худо азза ва ҷал.
Чун қубур онро муҷассас кардаанд,
Пардаи пиндор пеш овардаанд.
Табъи мискинат муҷассас аз ҳунар,
Ҳамчу нахли мум, бебаргу самар».

Дарвеше аз дарвеши дигар пурсид:
–Худоро чӣ гуна дидӣ?
Гуфт:
–Ўро бечун дидам, аммо барои мисол бояд бигўям, ки сўйи чапи ў оташ буд ва сўйи рост ҷўйи Кавсар.
Гурўҳе ба оташ рў меоварданд ва ҷамъе ба оби гуворо, вале барои бозшинохти хушбахту бадбахт бозии аҷибе буд: ҳар кӣ ба сўйи об мерафт, аз оташ дармеомад ва ҳар кӣ ба оташ дарун мерафт, ба оби зулол мерасид.

Кам касе бар сирри ин музмар задӣ,
Лоҷарам кам кас дар он оташ шудӣ.
Ҷуз касе, ки бар сараш иқбол рехт,
К-ў раҳо кард обу дар оташ гурехт.

Касоне, ки худошинос буданд, бонги оташро мешуниданд, ки фарёд мезад: «Ман оташ нестам, балки чашмаи гувороям» ва онҳое, ки мағрури ҳунари худ буданд, ба зоҳири об фирефта мешуданд ва ба оташ меафтоданд.

Чашмбандӣ кардаанд, эй беназар,
Дар ман ойу ҳеч магрез аз шарар.
Эй Халил, ин ҷо шарору дуд нест,
Ҷуз ки сеҳру худъаи Намруд нест.
Чун Халили Ҳақ агар фарзонаӣ,
Оташ оби тусту ту парвонаӣ.

пешина
аз 298
навбатӣ