Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ
КУШТА ШУДАНИ ЗОҒ ВА ХУРЎС

Аз Иброҳими Халил (а) пурсиданд:
–Чаро зоғро куштӣ? Гуноҳи ў чӣ буд? Оё танҳо ба хотири фармонбарӣ аз Худованд ўро куштӣ? Агар чунин аст, ҳикмати он фармон чист?
Гуфт:
–Гуноҳи зоғ ҳам монанди гуноҳи шайтон аст.
Шайтон аз Худованди Мутаъол хост, ки то охири ҷаҳон умр ба сар барад, то битавонад ҳамаро ба фасоду бадӣ бикашад ва ҳол он ки метавонист аз Парвардигор тавба бихоҳад, то дубора фаришта шаваду ҷаҳону мардуми он аз гумроҳӣ наҷот ёбанд. Зоғ ҳам дар орзую ғами умри дароз аст, ки дорад, аммо ин умри дарозро чӣ гуна ба кор мебарад?
Он гоҳ аз Иброҳим (а) пурсиданд:
– Хурўсро барои чӣ куштӣ?
Иброҳим (а) гуфт:
– Хурўс шаҳватпараст аст. Ҳазрати Одам (а)– падари башарият, агар барои идомаи насл намебуд, худро ахта мекарду ҳаргиз дил ба зан намедод.
Дар хабар аст, ки шайтон ҳангоме ки аз даргоҳи Худованд ронда шуд, гуфт:
– Умри маро ба қадри умри ҷаҳон дароз кун!
Аз тарафи Худо талаби ў қабул шуд. Баъд гуфт:
–Барои фиреби одамон ва озмоиши онҳо доме ба ман бибахш!
Худованди тавоно ва баландмартаба зару сими фаровон дар ихтиёри ў ниҳод.
Шайтон гуфт:
–Инҳо барои фиреби одамон лозим аст, аммо кофӣ нест.
Худованд дасти ўро бар хўрданиҳои лазиз ва пўшиданиҳои зебо боз гузошт. Шайтон розӣ нашуд ва гуфт:

пешина
аз 298
навбатӣ