МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
–Он тарсу бими офарида, ки дар ман дидӣ, барои бегонагон аст. Подшоҳон ҳангоме ки дар кўчаю бозор меоянд, сарбозону афсарон пешопеш роҳ мераванду садои «дур бош»-и онҳо гўшро кар мекунад. Ин кор барои ин аст, ки ҳайбати онҳо дар дили оммаи мардум тарс падид оварад ва онҳоро аз фитнаофаринӣ боз дорад, амнияти шаҳр таъмин гардад. Вагарна дар хилвати хос аз ин хабарҳо нест ва ҷуз меҳрубонию гузашт чизи дигар аз шоҳон дида намешавад.
Таблу кўсу ҳавл бошад вақти ҷанг,
Вақти ишрат бо хавос овози чанг.
Ҷисми Паёмбар ҳам монанди ҷисми дигарон дар маърази дард ва хобу марг қарор гирифт ва ҳамчун мардумони фонӣ зери хоки Мадина орамидааст. Он ҷисми хокии ў буд, ки аз муҳаббати дидори Ҷабраил беҳуш шуд. Агар ҳазрати Паёмбари акрам ҳам ботини худро ба Ҷабраил нишон медод, ў ҳам аз бузургии ботини ў беҳуш мегардид.
Аҳмад ар бикшояд он парри ҷалил,
То абад беҳуш монад Ҷабраил.
Мисли шабе, ки ба Меъроҷ рафт, Ҷабраил ҳамроҳи ў буд, то ин ки ба ҷое расид, ки Ҷабраил аз парвоз бозмонд. Паёмбари акрам фармуд, ки ман ҳанўз ба авҷ нарасидаам ва то расидан ба назди Худованди азза ва ҷалла ҳанўз роҳе мондааст.
Ҷабраил гуфт:
–Ҳадди ман ҳамин ҷост ва агар болотар равам, парҳоям месўзад.
Гуфт ўро: «Ҳин, бипар андар паям»,
Гуфт: «Рав рав, ман ҳарифи ту наям».
Боз гуфт ўро: «Биё, эй пардасўз!
Ман ба авҷи худ нарафтастам ҳанўз».
Гуфт: «Берун з-ин ҳад, эй хушфарри ман,
Гар занам парре, бисўзад парри ман».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё