МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
ДОСТОНИ МЎРЧАГОН
Мўраке бар коғазе дид ў қалам,
Гуфт бо мўри дигар ин роз ҳам.
Мўрчае дид қалам рўйи коғаз мераваду калимаҳою ҳарфҳоро паҳлуи ҳам мечинад. Бо тааҷҷуб ба мўрчаи дигар нишон дод. Ў, ки донотар буд, гуфт:
– Ин нақшҳо, ки рўйи коғаз меояд, кори қалам нест, кори ангуштон аст, ки онро мегардонад.
Мўрчаи севумӣ гуфт:
–Аз ангушти лоғари нотавон чӣ меояд? Ин кори бозуи тавоност, ки ангуштонро нигоҳ медорад ва такягоҳи онҳост.
Мўрчагони дигар, ки ҳозир буданд, ҳар як чизе, ки ба ақлашон дар ин бора мерасид, мегуфтанд, то ин ки риштаи сухан ба дасти мўрчае, ки донотару бузургтар аз ҳама буд, афтод. Ў гуфт:
– Фаромўш накунед, ки агар ақлу ҷон набошанд, ҳеҷ чиз аз ҷойи худ намеҷунбад. Он чӣ мо мебинем, сурати кор аст.
Сурат омад чун либосу чун асо,
Ҷуз ба ақлу ҷон наҷунбад нақшҳо.
Аммо ў ҳам намедонист, ки ақлу ҷон ҳам бе иродаи Парвардигори баландмартаба коре анҷом намедиҳанд.
Фаҳмидани ин матлаб кори одам нест, чӣ расад ба мўрчае, ки дар тамсил баён шудааст. Дар кори Худованд ҳама дар шигифтанд ва беҳтар аст, ки ҳайрон бошанд.
Чун зи фаҳми ин аҷоиб кавданӣ.
Гар «бале» гўйӣ, такаллуф мекунӣ.
В-ар бигўйӣ: «на», занад «не» гарданат,
Қаҳр барбандад бад-он «не» равзанат.
Пас, ҳамин ҳайрону вола бошу бас,
То дарояд насри Ҳақ аз пешу пас.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё