МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
– Эй дўст, имон ба ман арза кун, ки омодаи қабул карданам:
Кимиёе буд суҳбатҳои ту,
Кам мабод аз хонаи дил пойи ту.
Ту яке шохе будӣ аз нахли хулд,
Чун гирифтам, ў маро то хулд бурд.
Сел буд он ки дилашро даррабуд,
Бурд селам то лаби дарёи ҷуд.
Он ки ҷўю чашмаҳоро об дод,
Чашмае дар андаруни ман кушод.
Дўстии ту маро аз бадбахтиву кўрдилӣ раҳонид.
Ман гумон мекардам, ки барои табдили хуни об имон биёварам. Акнун мебинам, ки худ монанди Нил дар ҷараёнам, агарчи дигарон маро як ҷо истода мебинанд:
Ман гумон бурдам, ки имон оварам,
То аз ин тўфони хун обе х(в)арам.
Ман чӣ донистам, ки табдиле кунад,
Дар ниҳоди ман маро Ниле кунад.
Сўйи чашми худ яке Нилам равон,
Барқарорам пеши чашми дигарон.
Мо ин ҷаҳонро хомўшу беҷунбиш мебинем ва намедонем, ки ҳамаи аҷзои он забон доранд ва пеши Парвардигори баландмартаба ситоишгаранд. То имон бар дилҳо натобад, одамӣ аз ин маъно ғофил аст ва танҳо ба сурат менигарад, вагарна ба чашми Мўсо (а) оташ аз дарахт сар мезанад ва шоху барг онҳоро сабзу хуррам мекунад ва чўби хушк дар дасти ў аждаҳо мешавад?
Ин дарахти тан асои Мўсӣ аст,
К-омираш омад, ки бияндозаш зи даст.
То бибинӣ хайри ўву шарри ў,
Баъд аз он баргир ўро з-амри ҳу.
Пеш аз афкандан набуд ў ғайри чўб,
Чун ба амраш баргирифтӣ, гашт хуб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё