Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ҚИБТӢ ВА СИБТӢ

Қибтӣ номи пайравони Фиръавн ва сибтӣ номи пайравони Мўсо (а) аст. Дар рўзгоре, ки муборизаи Мўсо (а) ва Фиръавн ба авҷ расида ва бо дархости ҳазрати Мўсо (а) оби рўди Нил барои қибтиён хун мешуд, як нафар қибтӣ, ки бо яке аз сибтиён хешовандӣ дошт, пеши ў омад:
Гуфт: «Ҳастам ёру хешованди ту,
Гаштаам имрўз ҳоҷатманди ту,
З-он ки Мўсо ҷодуе карду фусун,
То ки оби Нили моро кард хун.
Қибтӣ гуфт:
–Ман имрўз ба ту эҳтиёҷ дорам.
Чун Мўсо оби Нилро барои мо хун кардааст ва барои шумо оби соф аст, барои хешованд ҳам боист, ки соф бошад. Хоҳиш мекунам, чун барои худ об меовардӣ, нимеро бинўш ва ними дигарро ба ман бидеҳ, ки аз ташнагӣ дар азобам. Шояд ба туфайли ту аз ин ранҷ раҳоӣ ёбам. Сибтӣ ҳарфи ўро шуниду кўзаро аз об пур кард. Ниме аз онро нўшид ва боқимондаро ба қибтӣ дод. Аммо ҳамин ки қибтӣ обро ба даҳон наздик кард, чизе ҷуз хун набуд. Қибтӣ ҳам андўҳнок ва ҳам хашмгин шуд ва гуфт:
– Эй хешованди азиз, чорае бикун.
Сибтӣ гуфт:
– Агар мехоҳӣ аз ин оқибат осуда шавӣ, пайрави Мўсо (а) бишав.

Қавми Мўсо шав, бихўр ин обро,
Сулҳ кун бо маҳ, бибин маҳтобро.
Хашм биншон, чашм бикшо, шод шав,
Ибрат аз ёрон бигир, устод шав.

пешина
аз 298
навбатӣ