МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Нахуст ин ки ман бо гардани баланд ду чашми бино дорам:
Сарбаландам ман, ду чашми ман баланд,
Биниши олӣ амон аст аз газанд.
Аммо дидагони ту заифу камбин аст:
Пешво чашм аст дасту пойро,
К-ў бубинад ҷойро, ноҷойро.
Дувум он ки хилқати ман аз ту покизатар аст. Чун ман фарзанди ҳалолам ва ту зинозодаӣ:
Ту зи авлоди зиноӣ бегумон,
Тир каж паррад чу бад бошад камон!
Хачир гуфт:
–Ту дуруст мегўйӣ ва ҳақ бо ту аст.
–Он гоҳ ашкҳо рехту идома дод:
–Ту, ки бо Худованд наздикӣ, чӣ шавад, ки раҳнамои ман бошӣ ва ман фармонбардори ту?
Чӣ зиён дорад, гар аз фархундагӣ Дарпазирӣ ту маро дар бандагӣ?
Гуфт: «Чун иқрор кардӣ пеши ман,
Рав, ки растӣ ту зи офоти заман».
Шутур гуфт:
–Чун табиат аслӣ набуд ва ба камбудии худ ҳам иқрор дорӣ, хоҳиши туро пазируфтаам:
Нор будӣ, нур гаштӣ, эй азиз,
Ғўра будӣ, гаштӣ ангуру мавиз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё