МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Он ки дучори ваҳм буд, муждаро шунид ва он ки дилаш ба ишқ ошно буд, матлубро ба чашм дид. Пеши чашму ваҳм пардае кашида шуда, чашми ошиқ ҳама чизро мебинад:
З-он ки ошиқ дар дами нақд аст маст,
Лоҷарам аз куфру имон бартар аст.
Куфру имон ҳарду худ дарбони ўст,
К-ўст мағзу куфру дин ўро ду пўст.
Куфр қишри хушки рўпартофта,
Боз имон қишри лаззатёфта.
Қишрҳои хушкро ҷо оташ аст,
Қишри пайваста ба мағзи ҷон х(в)аш аст.
Дархури ақли авом ин гуфта шуд,
Аз сухан боқии он бинҳуфта шуд.
ДОСТОНИ ХАЧИР ВА ШУТУР
Уштуреро дид рўзе астаре,
Чунки бо ў ҷамъ шуд дар охуре.
Гуфт: «Ман бисёр меафтам ба рў
Дар ғирева-в роҳу дар бозору кў.
Кам ҳамеафтӣ ту дар рў, баҳри чист?
Ё магар худ ҷони покат давлатест?
Хачире бо шутуре ҳамохур шуданд. Хачир ба шутур гуфт:
–Чӣ гуна аст, ки ман дар роҳ рафтан бисёр ба рў меафтам ва ҳар қадам, ки бармедорам, ба афтодан наздикам. Аммо ту бо мушкилӣ роҳ меравӣ ва бо он ҳайкали дурушту пойи баланд дучори чунин хатаре намешавӣ?
Гуфт: «Гарчи ҳар саодат аз Худост,
Дар миёни мову ту бас фарқҳост».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё