Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман ҳамебинам ҷаҳонро пурнаим,
Обҳо аз чашмаҳо ҷўшон муқим.
Бонги обаш мерасад дар гўши ман,
Маст мегардад замиру ҳуши ман.
Аз ҳазорон менагўям ман яке,
З-он ки огандаст ҳар гўш аз шаке.

ДОСТОНИ
УЗАЙРИ ПАЁМБАР ВА ДУ ФАРЗАНДАШ

Узайри паёмбар, ҳангоме ки аз зиндони подшоҳи Бобул раҳоӣ ёфта буд, ба сўйи шаҳри худ мерафт, дар роҳ ба ҷое расид, ки устухонҳои мурда фаровон рехта буд. Пеши худ гуфт:
–Чӣ гуна ин устухонҳо дубора зинда шуда ва ба сурати нахустин дармеоянд?
Дар ин шакку шубҳа буд, ки хоб ўро даррабурд ва дар гўшае ба хоб рафт. Ҳамон лаҳза рўҳи ў ба фармони Худованд аз танаш берун рафту пас аз сад сол зинда шуду ба сўйи шаҳри худ ба роҳ афтод. Пешопеш ба ду писараш хабар дод, ки ҳамин рўзҳо хоҳад расид. Ду писараш, ки ҳамин хабарро дарёфт карданд, барои пешвози падар равон шуданд. Дар роҳ ба касе мерасиданд, ҳоли ўро мепурсиданд, то ин ки ба ҷавоне бархўрданд ва суроғи Узайрро гирифтанд. Ў гуфт, ки Узайрро дидааст ва пас аз ў хоҳад расид.

Гуфт: «Оре, баъди ман хоҳад расид»,
Он яке хуш шуд, чу ин мужда шунид.
Бонг мезад, к-эй мубашшир, бош шод
В-он дигар бишнохт, беҳуш уфтод.
Он писарҳо ҳарду пирамард шуда буданд ва падарашон ҷавон менамуд. Яке ўро нашинохт ва надонист, ки аз худи падар суроғи падарро гирифтааст. Аммо дигарӣ, ки дилаш бо падар яке буд ва ошиқи ў буд, ба ҳис дарёфт ва аз шодӣ беҳуш гардид.

пешина
аз 298
навбатӣ