Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он пиразани ҷоду дунё ва мулку моли дунёст, ки дилбастагӣ ба он ҳушу ақлу хушбахтиро аз одамӣ мегирад ва паёмбарон ҳамон донои худопараст ҳастанд, ки табиби дилу ҷони одамиёнанд.
Агар одамӣ ҳар чӣ пеш ояд, аз Худованд донад ва ба ў такя кунаду чашм ба дасти дигарон надошта бошад ва бо кору кўшиш ва ба даст овардани дониш бипардозад, аз ҳеҷ чиз ҳарос нахоҳад дошт ва пайваста шодмон хоҳад монд. Ҳамчунон ки зоҳиде ҳангоми қаҳтӣ, ки халқ парешону нолон буданд, чеҳраи шодон дошт. Мардум ба ў мегуфтанд: «Чӣ ҷойи шодӣ аст?»
Раҳмат аз мо чашмҳо бардўхтаст,
З-офтоби тез саҳро сўхтаст.
Кишту боғу раз сияҳ истодааст,
Дар замин нам нест, на боло, на паст.
Халқ мемиранд з-ин қаҳту азоб Даҳ-даҳу сад-сад чу моҳӣ дур аз об.

Зоҳид гуфт:
–Ҳар чӣ мерасад, аз Худои тавоно мерасад. Гиря ва ханда аз ғами худпарастии мост. Ман аз ў ғайр аз хубию некӣ чизе намебинам. Дар ин бало ҳам ҳикмате ҳасту озмоише барои мардум.
Ёри Фиръавни танед, эй қавми дун!
З-он намояд мар шуморо Нил хун.
Ёри Мўсои хирад гардед зуд
То намонад хуну бинед оби рўд.

Кулли олам сурати ақли кулл аст. Ҳар кӣ бо он ситеза кунад, ҳар чӣ пеш оядаш бад аст ва ҳар кӣ ин нуктаро дарёбад, ҳар чӣ мебинад гулистон аст.
Ҳар замон нав суратеву нав ҷамол,
То зи нав дидан фурў мирад малол.

пешина
аз 298
навбатӣ